Артиши Исроил дар нахустин соатҳои субҳи шанбе аз шиносоӣ ва партоби мушакҳои нави Эрон хабар дод ва мардум дар марказ ва ҷануби ин кишвар пас аз бонги хатар, ба паноҳгоҳҳо рафтанд.
Пас аз ин ҳамла, Хадамоти кӯмакрасонии Исроил эълон кард, ки ҳеҷ дархости кӯмак ё осебдидагӣ дарёфт накардааст. Мақомоти исроилӣ баъдан эълон карданд, ки шаҳрвандон метавонанд аз паноҳгоҳҳо беруна шаванд.
Ба гузориши CNN, пас аз ҳамлаи мушакии Эрон видеое аз сӯхтор дар наздики як минтақаи тиҷории Телавив нашр шуд.
Идораи оташнишонии Исроил бе ироаи ҷузъиёт эълон кард, ки дар ҳоли хомӯш кардани оташи рӯи сақфи як бинои сеошёна дар яке аз минтақаҳои Телавив аст.
Телевизиони Ҷумҳурии исломии Эрон қаблан аз анҷоми мавҷи ҳаждаҳуми мушакаҳои Эрон ба Исроил хабар дода буд.
Хадамоти имдод ва наҷоти Исроил мегӯянд, ки зоҳиран 5 то 10 мушак партоб шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон субҳи шанбе аз шунида шудани садои таркиш дар чанд шаҳр, аз ҷумла, Теҳрон ва Исфаҳон хабар доданд ва раиси вилояти Қум ҳам эълон кард, ки бар асари ҳамла ба як бино дар шаҳри Қум, ду нафар кушта шуданд.
Масъулон дар Қум гуфтанд, ки ин ҳамла ба як бинои истиқоматӣ сурат гирифтааст. Бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ баъдан бо такя ба мақомоти Эрон хабар дод, ки шумори кушташудаҳои ҳамла ба ин бино ба чаҳор нафар расидааст.
Расонаҳои Эрон ҳамчунин аз шунида шудани садои таркишҳои сахт дар Исфаҳон хабар доданд ва ба навиштаи хабаргузории "Форс", системаи зиддиҳавои дар ин шаҳр фаъол шудааст.
Дар шаҳри Исфаҳон бузургтарин муҷтамаи таҳқиқоти ҳастаии Эрон ҷойгир аст ва пеш аз ин низ ҳадафи ҳамлаҳои Исроил қарор гирифта буд.
Як масъул дар устони Исфаҳон ҳамлаи имрӯзи Исроил ба сайти ҳастаиро тасдиқ кард. Ин манбаъ ҷузъиёте аз осебҳои воридшуда ба ин пойгоҳ надод ва гуфт, ки "нигаронӣ вуҷуд надорад".
Мақомоти Исфаҳон аз мардум хостаанд ҳангоми сар задани ҳамлаҳо "барои амалиёти имдодрасонӣ ва идораи бӯҳрон дар атрофи маҳали ҳодиса ҷамъ нашаванд".
Гузоришҳо дар бораи шунидан шудани садои таркиш дар шаҳрҳои гуногуни Эрон андаке пас аз он нашр шуд, ки артиши Исроил эълон кард, ки мавҷи наве аз ҳамлаҳои худро дар Эрон оғоз кардааст ва дар ҳоли ҳамла ба анборҳои мушакӣ ва зерсохтҳои партоби мушак дар он кишвар аст.
Пеш аз он низ гузоришҳое дар бораи шунида шудани садои таркиш дар минтақаҳои гуногуни Теҳрон ва ҳамчунин Караҷ, Аҳвоз, Ийлом, Шаҳркурд, Исфаҳон, Занҷон ва Рашт, нашр шуда буд.