Ҳарчанд бархе онҳо дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон пайвандони худро бегуноҳ унвон мекунанд, канораҷӯӣ аз расонаҳоро ба хатари бештар ба худ ва надоштани эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бастагӣ медиҳанд. Аммо замони содир шудани ҳукми додгоҳ гуфта буданд, ки намедонанд барои чӣ азизонашонро ба солҳои тӯлонӣ маҳкум карданд:
Шаҳноз Комилзода, фарзанди Аҳмадшоҳ Комилзода он замон гуфта буд, ки "чун парванда ҳукми махфӣ дошт, вакил ба мо иттилооте намедод. Ман то ҳол намедонам, падари ман чӣ гуноҳ кардааст".
Фаризахон Ҳакимова, ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов низ ба бегуноҳии марди хонаводааш исрор дорад: "Шокирҷон Ҳакимов ягон гуноҳе надоранд. Умуман ба касе кордор набуданд, бо роҳи росташон мерафтанду меомаданд. Ҳама медонад, ки Шокирҷон Ҳакимов гуноҳ надорад. Ҳеч кас тасдиқ кардан ҳам наметавонад, ки онҳо гуноҳ доранд".
Фарҳод Одинаев, ҳуқуқшинос ва фаъоли иҷтимоӣ.
Бо сипарӣ шудани як сол, ба ҷуз шавҳару фарзандони ноболиғи Рухшона Ҳакимова, ба пайвандони маҳкумшудаҳои дигар аз замони боздошт то кунун, иҷозаи мулоқот бо наздикони зиндониашонро надодаанд. Наздиконашон мегӯянд, пас аз муроҷиатҳои зиёд мақомот ваъдаи мулоқот дар зиндонро дода буданд, аммо ҳоло мегӯянд давраи карантин асту намегузоранд онҳоро бубинем.
Ҳуқуқшинос ва фаъоли иҷтимоӣ Фарҳод Одинаев далели инро "ангезаи сиёсӣ" доштани қазия медонад:
"Тибқи моддаи 93 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудаҳо ҳатто дар муассисаҳои низоми шадид ҳуқуқи мулоқот бо наздиконашонро доранд. Махсусан, ҳар моҳ як маротиба мулоқоти кӯтоҳи чорсоата, дар як моҳ ду маротиба мулоқоти дарозмуддати аз 1 то 3 шабонарӯз. Мутаассифона, дар парвандаҳои сиёсӣ ин ҳуқуқҳои қонунӣ нодида гирифта мешавад. Агар маҳкумшудаҳо ба муассиса интиқол ёфтаанд ва ҳукми суд иҷро мешавад, манъи мулоқот бо баҳонаи карантин дигар асос надорад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Солгарди қазияи "табаддулот"
Як сол қабл, Додситони кулли акнун собиқи Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон аз вакилон хост ба боздошти ҳамтои худ Саидҷаъфар Усмонзода, ки раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон буд, ризоят диҳанд.
Додситони кул дар ҳузури вакилон Усмонзодаро дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои дохиливу хориҷӣ ба талоши "зӯран сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ", гунаҳкор кард.
Пас аз Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини ҳизби демократ, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, дипломати собиқ, Рухшона Ҳакимова рӯзноманигор ва чанд сарҳанги ниҳодҳои амниятӣ боздошт шуданд.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли пешини Тоҷикистон.
Баъдтар, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли пешини Тоҷикистон гуфт боздошти ҳамаи ин афрод ба якдигар "робитаи зич дорад". Моҳи феврали имсол Додгоҳи олӣ онҳоро аз 8 то 27 сол ба зиндон маҳкум кард. Наздиконашон ба марҳилаи таҷдиди назар шикояти кассатсионӣ бурданд, вале ҳукм тағйир накард.
"Ин гуна парвандаҳо бо тамоми равандҳояшон, боздошт, таҳқиқ, муҳокима ва ҳатто баррасии кассатсионӣ на аз рӯйи қонун баррасӣ мешаванд, балки қарорҳо дар сатҳи додгоҳӣ не, дар сатҳи сиёсӣ гирифта мешаванд. Аз таҷрибаи солҳои охир маълум аст, ки дар парвандаҳои сиёсӣ додгоҳи кассатсионӣ қариб ҳаргиз ҳукмро тағйир намедиҳад",- мегӯяд Фарҳод Одинаев, ҳуқуқшинос ва фаъоли иҷтимоӣ.
Додгоҳ дар баробари ҳукмҳои тӯлонӣ, ҳамчунин бархе аз амволи ин чеҳраҳо, аз ҷумла 230 ҳазор сомонӣ пасандози Рухшона Ҳакимоваро мусодира кард.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз наздикони Акбаршоҳ Искандаров, Абдулфайз Атоӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода барои ба ихтиёри давлат насупурдани амволи мусодирашуда ба додгоҳ шикоят бурд.
Додгоҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе алайҳи шуморе аз фарзандони чеҳраҳои маҳкумшуда парвандаи маъмурӣ боз кард, ки бархе хонаву мошинҳоро ба давлат доданд ва баҳси додгоҳии бархеи дигар то кунун давом дорад.
Бо гузашти як сол, ба ҷуз додситонӣ ва додгоҳ, ниҳодҳои дигари сиёсиву ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар мавриди ин қазия аз изҳори назар ва мавзеъгирӣ худдорӣ карданд.
Ҳоло ба иттилои манбаъҳои боэътимоди Радиои Озодӣ, фарзандони бархе аз ин маҳкумшдаҳоро аз вазифаҳояшон дар мақомоти давлатӣ барканор карда, шумори дигаре аз фарзандону наздиконашон ба далоили амниятӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.